Донишҷӯдухтари соли дуюми таҳсили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл ба хонаашон – ба шаҳри Истаравшан ба таътил омада буд, зери чархи автомашина ҳалок шуд.
Ҳодиса рӯзи чоршанбеи ҳафтаи гузашта рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 31-солаи Исаравшан Маҳмуд Шораҳимов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, рӯ ба рӯи бемористони марказӣ бо автоашинааш духтарро пахш мекунад.
Дар натиҷа зимни ба бемористон бурдани Умеда Муҳаммадиеваи 18-сола ба ҳалокат мерасад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд.
Зимнан зикр гардид, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Бино ба маълуомти Шуъбаи БДА вилояти Суғд, тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои шаҳру навоҳии вилоят 119 (соли 2017 – 115) ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 33 нафар ҳалок (соли 2017 – 43 нафар) ва 122 нафар (соли 2017 – 123 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.
Имсол 21 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2017 – 31 ҳодиса) бо иштироки ноболиғон ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар натиҷа 1 нафар ҳалок (соли 2017 – 7 нафар) ва 20 нафар ноболиғон (соли 2017 – 27 нафар) ҷароҳат бардоштаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


