АНОНС
– Дар суди шаҳри Хуҷанд мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидов баргузор мешавад;
– Дар меҳмонхонаи «Serena» намоишгоҳи кушоди мусаввараҳои Фаррух Неъматзода доир мегардад. Оғоз соати 18:30;
– Дар 3D кинотеатре «Наврӯз» таҳти унвони «Нигоҳи баробар» дар бораи ҳаёти маъюбон фестивали кино барпо мешавад. Оғоз соати 10:30;
– Бозиҳои давраи 1/8 финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол. 19:00 – Шветсия – Швейтсария (Санкт-Петербург) ва 23:00 – Колмубия – Англия (Маскав). Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе зикр шудааст.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.1704 сомонӣ;
1 евро – 10.6514 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1450 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1928 – Телевизорҳои аввалин ба фурӯш бароварда шуданд.
1936 – Таъсиси Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и ИҶШС.
1944 – Нерӯҳои шӯравӣ шаҳри Минскро озод намуданд.
1970 — Таъсиси Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон.
2012 — Президенти Тоҷикистон қонун дар бораи аз қонунгузории ҷиноӣ хориҷ кардани моддаҳои марбут ба туҳмату таҳқирро ба имзо расонид
1890-1967 – Зодрӯзи кандакор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Юлдошбек Баротбеков.
1936 – Мавлуди доктори улуми филологӣ Аҳмад Абдуллоев.
1940 – Зодрӯзи журналист Раҷаб Мардонов.
1941 – Мавлуди ҳунарешаи балет, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Музаффар Бурҳонов.
1941 — Зодрӯзи журналист Зарнигор Шодӯстмамадова.
1951 – Мавлуди рӯзноманигор Аҳлиддин Исоев.
1952 — Зодрӯзи актёри театр, Ходими шоистаи Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов.
1963-2012 – Мавлуди вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Хадича Ҳакимова.
1970 — Зодрӯзи Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +35+40; дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +27+32.
Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +23+28; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +14+19.
Дар НТМ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +26+28.


