«Тоҷик Эйр»: ҳавопаймои хатсайри Маскав – Хуҷанд холӣ ба Душанбе омад

Date:

Ҳавопаймои Boeing 737-300-и ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки бинобар сабаби вайроншавии ҳавоногузарӣ (разгерметизасия) ба фурудгоҳи Домодедово баргашта буд, субҳи имрӯз холӣ – бе мусофир ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.

Мусофирони ҳавопаймои хатсайри Маскав – Хуҷанд имшаб бо дигар ҳавопаймо ба Хуҷанд парвоз мекунанд.

«Айни замон ҳавопаймо мавриди санҷишу азназаргузаронии мутахассисони хадамоти техникӣ қарор дошта, аз рӯи натиҷаҳои азаназаргузаронии ҷузъии он, мо дар бораи истифодаи минбаъдаи ҳавопаймо шуморо огоҳ мекунем», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ Азиз Хайруллоев.

Ба гуфтаи ӯ, мусофирони ин ҳавопаймо, ки бояд ба Хуҷанд раҳсипор мешуданд, то ҳол дар меҳмонхона қарор дошта, имшаб аз Маскав бо ҳавопаймои дигар парвоз мекунанд.

«Ба нуқтаи таъинот фиристодани ин мусофирон бо хатсайри 646 дар ҳавопаймои Boeing 767 – 300 дар назар аст. Вақти парвоз соати 23:05 ба вақти Маскав муқаррар шудааст. Соати 05:20-и вақти маҳаллӣ ҳавопаймо ба Хуҷанд фуруд меояд», – гуфт Азиз Хайруллоев.

Ёдрас мекунем, ки бо сабаби ноқисиҳои техникӣ (герметизация) ҳавопаймои Boeing 737-300-и хатсайри Маскав – Хуҷанди ширкати «Тоҷик Эйр» таъҷилан ба фурудгоҳи Домодедово баргашт. Ҳамаи мусофирони он бо меҳмонхона ва хӯроки севақта таъмин карда шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...