Тайи ду соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 1,3 фоиз поин рафта, ба аавали соли ҷорӣ 29,7 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи синфи миёна бошад, ба 24 фоиз расид.
«Соли 2017 сатҳи камбизоатӣ ба 29,7 фоиз расид, ки дар қиёс ба нишондиҳандаи соли 2015 аллакай 1,3 банди фоизӣ поён рафтааст. Фақри шадид бошад, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ 14 фоизро ташкил дода, табақаи миёнаи аҳолӣ аз рӯи арзёбии пешакӣ ба 24 фоиз баробар шуд», – изҳор дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд назди Президенти ҶТ.
Ба гуфтаи ӯ, чунин натиҷа дар асоси таъмини суръати баланди рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоизи солона ва афзоиши хароҷот ба бахши иҷтимоӣ ба даст оварда шуд.
«Нишондиҳандаҳои мазкур ба идома ёфтани тамоюли беҳтар гардидани ҳолати демографӣ ва вазъи саломатии аҳолӣ мусоидат намуданд ва дар натиҷа нишондиҳандаи миёнаи дарозумрии аҳолӣ ба 73,5 сол баробар шуд (аз ҷумла, мардон 71,9 ва занон 75,7)», – қайд кард Сарвари давлат.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


