Зане аз Файзобод аз Эмомалӣ Раҳмон авфи писарашро дархост мекунад

Сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод Ширингул Холоваи 66-сола ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дархости авфи писараш – Зафар Солеҳови 41-сола, падари чор фарзанд муроҷиат намуд. Барои куштори бародари худ – Хуршед Солеҳови 43-сола ӯ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Дар мактуб ба унвони Сарвари давлат, ки нусхааш дар ихтиёри «Азия-Плюс» аст, зан таъкид […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод Ширингул Холоваи 66-сола ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дархости авфи писараш – Зафар Солеҳови 41-сола, падари чор фарзанд муроҷиат намуд. Барои куштори бародари худ – Хуршед Солеҳови 43-сола ӯ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар мактуб ба унвони Сарвари давлат, ки нусхааш дар ихтиёри «Азия-Плюс» аст, зан таъкид месозад: «Аксарият ба ман гуфтанд, ки ба номи президент нома навиштан бефоида аст, аз ин ҳеҷ натиҷа ҳосил намешавад, ҳеҷ кас ба тақдири шахси оддӣ парвое надорад. Леки ман то ҳол бовар дорам, ки адолат ҳаст».

Дар муроҷиат зикр мешавад, ки зан «ҳаёти мушкилеро паси сар карда, фарзандонашро шахсони бовиҷдону росткор ва содиқ ба ватан тарбия кардааст».

«Муддати се сол писарам Хуршед ҳар ҳафта барои ҷангу ҷанҷол бо аъзои оилаамон ба милитсия меафтод. Хатто чандин маротиба бо корд ба падараш ҳамла кард. Хуршед шахси солим набуд ва ба табобат ниёз дошт. Хеле шармам меояд, ки саривақт писарамро муолиҷа карда натвонистам, то ки ба ҳолати то Русия рафтанаш орам, ки он вақт шахси хуб буд. Мутассифона, машрубот писари маро кушт», – изҳор мекунад зан.

«Охири моҳи июни соли 2017 Хуршед, ки дар ҳолати мастии зиёд қарор дошт, ба модараш дарафтода, ӯро мезанад. Ин замон Зафар барои наҷоти модар омада, Хуршедро халос мекунад. Хуршед модарро гузошта ба ӯ дармеафтад. Зафар барои муҳофизати худ Хуршедро аз назди худ тела медиҳад. Зафар ба кунҷе бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешавад. Одамони он ҷо ҳузурдошта инро диданд, ин як ҳодисаи ногаҳонӣ ва нохуш аст, куштор барқасдона сурат нагирифтааст», – менависад зан.

Гуфта мешавад, 1 марти соли 2018 суди ноҳияи Файзобод Зафар Солеҳовро барои даст доштан дар қатли бародараш ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

«Акнун ӯ дар зиндон аст ва мо метарсем, ки дигар ӯро дида наметавонем. Шавҳарам марди калонсол ва бемор аст. Ин ҳодисаҳо аҳволи ӯро боз бадтар мекунанд. Ман аз ҳоли писарам хавотирам, медонам, ки бемор аст. Ба ҳама ин корҳо сабр карда метавониста бошад», – омадааст дар муроҷиат.

«Президенти муҳтарам, аз шумо танҳо як дархост ва илтимос дорам: бигзор ин масъаларо шахсони мустақил ва салоҳиятнок ҳаллу фасл кунанд», – хоҳиш мекунад модар.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» зан изҳор намуд, ки Зафар чор фарзанд ва оилаи хуб дорад. Хуршеди ҳалокшуда расман на оила дораду на фарзанд. Ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия бо зане зиндагӣ доштааст, вале базудӣ аз ҳам ҷудо шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио