Роналду «Реал»-ро тарк карда, бозигари «Ювентус» шуд

Date:

Криштиану Роналдуи 33-сола дастаи Реал»-и Мадридро, ки дар он 292 бозӣ гузаронида, ба задани 311 гол муваффақ шудааст, тарк намуда, ба дастаи «Ювентус»-и Турин мегузарад.

Бино ба маълумоти championat.com, "Ювентус" барои ин трансфер (гузариш) ба тими «Реал» 105 млн. евро маблағ пардохт мекунад. Маоши солонаи Роналду дар «Ювентус» 30 млн. евроро ташкил медиҳад.

Санаи 2 июн Corriere dello Sport хабар дод, ки Роналду назди «Реал» шарт гузоштааст, ки агар маошашро ба 80 млн. евро дар як сол расонанд, дастаро тарк намекунад. Ин шартро ӯ баъди ғалаба дар бозии финалии Лигаи чемпионаҳо Аврупо пешниҳод намудааст.

Роналду аз «Манчестер Юнайтед»-и Англия соли 2009 бо пардохти 93,4 млн. евро ба дастаи «Реал» гузашт. Давоми 9 сол ӯ бо ин даста ба гирифтани 16 ҷоиза шарафёб гардид, аз ҷумла чор ҷоизаи қаҳрамони Лигаи чемпионҳои Аврупо, ки сетояш пайдарпай дар мавсими се соли охир ба даст оварда шуд.

Футболбози португалӣ бисёре аз рекордҳоро нав кард: тайи панҷ соли охир 4 маротиба ба «Тӯби тиллоӣ» ва 3 маротиба – ба «Бутса (пойафзоли футболбозӣ)-и тиллоӣ» соҳиб шуд. Дар таърихи тими «Реал» ӯ дар 438 бозӣ ба дарвозаи ҳарифон 451 гол ба ҳадаф расонида, нишонзан (голзан)-и беҳтарин дониста мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...