Нерӯгоҳи «Дӯстии халқҳо»: таъмиру таҷдиди ягона нерӯгоҳ дар шимоли Тоҷикистон

Дар доираи лоиҳаи хурд ба ифтихори Даҳсолаи байнулмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар бораи нерӯгоҳҳои барқи обии бузурги ҷумҳурӣ гузоришҳои тасвирӣ таҳия мешаванд. Имрӯз гузориши тасвирии мо аз нерӯгоҳи Қайроққум – ягона нерӯгоҳи барқи обӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки 61 сол пеш мавриди истифода қарор гирифта, дар шаҳри Гулистон, дар Сирдарё воқеъ […]

Asia-Plus

Дар доираи лоиҳаи хурд ба ифтихори Даҳсолаи байнулмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар бораи нерӯгоҳҳои барқи обии бузурги ҷумҳурӣ гузоришҳои тасвирӣ таҳия мешаванд.

Имрӯз гузориши тасвирии мо аз нерӯгоҳи Қайроққум – ягона нерӯгоҳи барқи обӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки 61 сол пеш мавриди истифода қарор гирифта, дар шаҳри Гулистон, дар Сирдарё воқеъ аст.

Айни замон 6 агрегшати нерӯгоҳ фаъолият дошта, барои афзудани иқтидори он тасмим гирифта шудааст, ки он таъмиру навсозӣ шуда, баъди анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозии нерӯгоҳ, ки то соли 2024 идома меёбанд, иқтидори он аз 126 МВт то ба 174 МВт расонида мешавад.

Имсол Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Фонди сабзи иқлимии СММ барои амалисозии марҳилаи ниҳоии барқарорсозии нерӯгоҳи Қайроққум ва дастгирии бахши беҳбуди таъминот бо барқ ба Тоҷикистон 88 млн. доллар маблағ ҷудо карданд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми об дар обанбори нерӯгоҳ 3,5 млрд. метри мукаабро ташкил дода, ин ҷо яке аз мавзеъҳои зебои истироҳату фароғат дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Чанд сол пеш он «Баҳри тоҷик» номгузорӣ шуда, дар ин мавзеъ осоишгоҳу дармонгоҳҳо ва лагерҳои истироҳату солимгардонии зиёд амал мекунанд.

Гузориши тасвирӣ ва маълумот дар бораи нерӯгоҳи Норакро – бо ин суроға, нерӯгоҳи Бойғозиро – бо ин суроға, корҳои таҷдиди нерӯгоҳи Сарбандро – бо ин суроға ва чӣ гуна кор кардани нерӯгоҳҳои барқи обии кӯҳнатарини Тоҷикистонро – бо ин суроға дарёфт карда метавонед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.