Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Маъракаи миллии фарогирии масоили маъюбият таҳти шиори «Ҳар як мо – тавоно!» оғоз мегардад. Ҳадаф аз баргузории маъракаи мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ва ЮНИСЕФ роҳандозӣ мешавад, бунёди ҷомеаи фарогир бо имконот барои ҳамагон аст. Оғози маросими расмӣ дар «Хаятт Риҷенси» соати 15:00. Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳо оид ба ҷамъбасти фаъолият дар […]

Asia-Plus

АНОНС

– Маъракаи миллии фарогирии масоили маъюбият таҳти шиори «Ҳар як мо – тавоно!» оғоз мегардад. Ҳадаф аз баргузории маъракаи мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ва ЮНИСЕФ роҳандозӣ мешавад, бунёди ҷомеаи фарогир бо имконот барои ҳамагон аст. Оғози маросими расмӣ дар «Хаятт Риҷенси» соати 15:00.

Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳо оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018:

– Нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии (ММҶ) «Ховар». Оғоз соати 11:00;

– Нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ (якҷоя бо КВД «Тоҷикагролизинг», Академияи илмҳои кишоварзӣ) дар бинои Вазорати мазкур. Оғоз соати 14:00;

– Нишасти матбуотии Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  дар толори ММҶ «Ховар». Оғоз соати 14:00;

– Нишасти матбуотии  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори ММҶ «Ховар». Оғоз соати 16:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4200 сомонӣ;

1 евро – 10.9715 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1512 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1935 – Экспедитсияи аввалини комсомолӣ ба Помир.

1945 — ИМА озмоиши аввалин бомбаи атомиро баргузор намуд.

1900-1967 – Зодрӯзи овозхони опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Залмон Муллоқандов.

1947-2009 – Мавлуди доктори улуми иқтисодӣ Дона Гулмирзоев.

1964 – Зодрӯзи рӯзноманигор Толибшоҳ Саидзода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +26+31.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +40+45; дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +14+19, рӯзона +31+36; дар шарқ шабона +5+10, рӯзона +18+23.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +42+44.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.