Самир Абдураззоқов: Оҳангсоз ва пианинонавози машҳур шуданиям

Самир Абдураззоқов, писари пианинонавози маъруф Нисор Абдураззоқовро ба Фестивали байнулмилалӣ дар Амстердам даъват карданд. Самир Абдураззоқов рӯзи 2 июли соли равон дар Озмуни 3-юми байнулмилалии «Feurich International piano competition» зинаи 1-умро ишғол намуд. Озмун дар шаҳри Вена бо иштироки намояндагони синнусоли гуногуни 22 давлати дунё доир гардида, Самир Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Пас аз ҳунарнамоии муваффақона […]

Нилуфар АКРАМОВА, Парвиз ТУРСУНОВ, Asia-Plus

Самир Абдураззоқов, писари пианинонавози маъруф Нисор Абдураззоқовро ба Фестивали байнулмилалӣ дар Амстердам даъват карданд.

Самир Абдураззоқов рӯзи 2 июли соли равон дар Озмуни 3-юми байнулмилалии «Feurich International piano competition» зинаи 1-умро ишғол намуд. Озмун дар шаҳри Вена бо иштироки намояндагони синнусоли гуногуни 22 давлати дунё доир гардида, Самир Тоҷикистонро намояндагӣ кард.

Пас аз ҳунарнамоии муваффақона Самир якбора ба чанд консерт ва чорабиниҳои бузурги байнулмилалӣ даъват шуд:

– 2 августи соли 2018 – ба вохӯрӣ бо омӯзгорони маъруфи мусиқӣ ва фортепиано дар мактаби тобистонаи Комо (Италия);

– 16 сентябри соли 2018 – ба гала-консерти пиано «Antoni Parera Fons Vaduz Classic Festival»;

– 15 ноябри соли 2018 – Ба Озмуни байнулмилалии мусиқии «Истеъдодҳои ҷавон» (Флорда Кис);

– 10 феврали соли 2019 – ба фестивал дар Гамбург. Агар Самир зинаи 1-умро ишғол намояд, пас дар «Нью-Йорк Карнеги-Холл» ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Бори нахуст пианинонавози наврас 5 марти соли 2015 дар 6-солагиаш дар Гётеборг ҳунарнамоӣ кард. Самир ҳамроҳи падар ва ҳамзамон омӯзгораш Нисор Абдураззоқов асари Мотсарт «Twinkle twinkle little star» иҷро карданд. То имрӯз Самир аллакай дар 25 консертҳо дар саросари дунё ширкат варзидааст.

«Ба дар оянда мусиқинавози маъруф шудани Самир натанҳо ман, балки Толибхон Шаҳидӣ ва писарони ӯ – Табриз, Фирдавс ва Ҳофиз Шаҳидӣ низ бовар доранд. Онҳо ҳамаи маблағи сафари ӯ ба консертҳоро пардохт намуданд. Аз моҳи марти соли ҷорӣ фонди дастгирии мусиқачиёни ҷавони «Shakhidi & Sons» ба Самир стипендия пардохт мекунад», – қайд кард Нисор Абдураззоқов.

Қобили зикр аст, ки айни замон Самир ба омӯзиши асарҳои оҳангсозони тоҷик Толибхон ва Зиёдулло Шаҳидӣ машғул аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.