Тоҷикистон гузаргоҳи “Кокул”-ро дар марз бо Афғонистон баст

Date:

Тоҷикистон гузаргоҳи “Кокул”-ро дар марз бо Афғонистон муваққатан баст. Гузаргоҳ баъди ба дасти гурӯҳи Толибон гузаштани гузаргоҳи “Ойхонум” дар Афғонистон, ки бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, баста шуд.

Тавре сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улугхоҷаев ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, сарфи назар аз тақвияти фаъолияти ҷангиёни ҳаракати Толибон дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, вазъ дар сарҳад босуботу бехавф аст.

“Вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пурра зери назорат аст, – итминон дод ӯ. – Аз рӯйдодҳои он сӯи марз мо огаҳем. Итимнон дода метавонам, ки то имрӯз аз ҷониби Афғонистон ҳеҷ гуна амалҳои иғвогарона нисбати Тоҷикистон сурат нагирифтааст”.

Номбурда таъкид дошт, ки ҳамчунин ҳеҷ гуна як кӯшиши ситезаҷӯёна ё ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад низ ба қайд гирифта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон шаш гузаргоҳи марзӣ амал намуда, панҷтои он имрӯз бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...