Медали биринҷии футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Қазоқистон

Тими мунтахаби футболи ҷавонони кишвар медали биринҷии Ҷоми Президенти Қазоқистонро сазовор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии футбол барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол кард. Дар бозӣ барои медалҳои биринҷӣ ҷавонони кишвар бар дастаи […]

Asia-Plus

Тими мунтахаби футболи ҷавонони кишвар медали биринҷии Ҷоми Президенти Қазоқистонро сазовор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии футбол барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол кард.

Дар бозӣ барои медалҳои биринҷӣ ҷавонони кишвар бар дастаи мунтахаби Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Ҷонибек Шарифов ва Ислом Зоиров заданд.

Қаблан шогирдони Зайниддин Раҳимов бар дастаи мунатахаби Қазоқистон (U-16) бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда, аз дастаи Академияи Краснодар (U-17) бо ҳисоби 0:4 шикаст хурда буд.

Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон 24-28 август дар Талгар бо иштироки шаш даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Қазоқистон (U-17), Қирғизистон (U-17), Озарбойҷон (U-17), ба гурӯҳи “В” дастаҳои Академияи Краснодар (U-17), Қазоқистон (U-16) ва Тоҷикистон (U-16) дохил буданд.

Дар бозӣ барои ҷои панҷум дастаи Қазоқистон (U-16) бар тими Қирғизистон (U-17) ғалаба кард – 4:0. Бозии ниҳоӣ шоми имрӯз миёни дастаҳои Академияи Краснодар (U-17) ва тими Озарбойҷон (U-17) баргузор мешавад.

Хазинаи ҷоизавии мусобиқа 15000 долларро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо 7000 доллар, дастаи ҷои дуюм бо 5000 доллар ва дастаи ҷои сеюм бо 3000 доллар мукофотонида мешаванд.

Иштирок дар мусобиқаи мазкур барои тими ҷавонони Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи финалии чемпионати Осиё-2018 ба ҳисоб меравад, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия баргузор хоҳад шуд. Футболбозони ҷавони мо дар гурӯҳи “А” бо ҳамсолонашон аз Малайзия (20 сентябр), Ҷопон (23 сентябр) ва Тайланд (26 сентябр) вомехӯранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.