Дар Тоҷикистон тадбирҳои амниятӣ пурзӯр шуданд

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон қисман ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Ин тадбир ба таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ санаи 9 сентябр вобаста аст, изҳор дошт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ. «Аз 1 сентябр кормандони сохторҳои қудратӣ ба вазъи ба истилоҳ будубош дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон қисман ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд.

Ин тадбир ба таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ санаи 9 сентябр вобаста аст, изҳор дошт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ.

«Аз 1 сентябр кормандони сохторҳои қудратӣ ба вазъи ба истилоҳ будубош дар ҷойи корӣ ва омодагӣ мегузаранд», – хабар дод манбаъ.

Дар сарҳадҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои пурзӯри амниятӣ андешида шуда, ба посбонӣ ва таъмини тартибот аъзои воҳидҳои махсус ба кормандони милитсия ҳамроҳ мешаванд.

Ғайр аз ин, баъди ҷашни Рӯзи истиқлолият воҳидҳои ҷудогонаи сохторҳои қудратии кишвар ба ВМКБ барои таъмини амнияту тартибот зимни сафари Сарвари давлат ба ин минтақа сафарбар мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон подполковник Муҳаммад Улугхоҷаев хабар дод, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон амну устувор аст.

Номбурда овозаҳои ҷойдошта дар ҷомеаро дар бораи гӯё ба хоки Тоҷикистон ворид шудани гурӯҳи ҷангиёни ҳаракат «Толибон» рад намуд.

«Вазъ дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон пурра зери назорат буда, шабонарӯзи гузашта дар марз ягон ҳодисаи ғайримуқаррарӣ ба қайд гирифта нашудааст», – зикр кард подполковник.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.