Ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе бозпас ба фурудгоҳ баргашт

Date:

Ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе соати 19:30 аз фурудгоҳи Жуковский ба парвоз хеста, дар пайи латукӯби меҳмондор (стюардесса) аз ҷониби як мусофир маҷбур шуд ба фурудгоҳи Жуковский баргардад.

Бино ба иттилои расонаи мустақили «Ахбор», як мусофири ҷавон дар ҳоли зоҳиран бехудона дар дохили ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии” дод мезанад, ки ин ҳавопаймо метаркад. Ӯ мегӯяд, "дар инҷо шайтон ҳаст, магар шумо шайтонро намебинед. Ба гуфтаи мусофирон, ҷавоне, ки меҳмондорро латукӯб кард, бемори рӯҳӣ будааст. Ҳавопаймои "Уралские авиалинии” соати 20:40 дар фурудгоҳи Жуковский нишастааст.

Гуфта мешавад, қазия таҳти таҳқиқ қарор дорад. Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нест. Мақомоти ширкати "Уралские авиалинии” ва фурудгоҳи Жуковский ин қазияро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Бо истинод ба сомонаи flightstats.com, ки парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоиро дар саросари ҷаҳон пайгирӣ мекунад, хабар дода мешавад, ки парвози Маскав – Душанбеи ширкати "Уралские авиалинии” бо дувуним соат таъхир – ба ҷои соати 01:20 соати 03:50 – ба фурудгоҳи Душанбе мерасад.

Бино ба охирин хабари расида аз фурудгоҳи "Жуковский", ҳавопаймои "Уралские авиалинии" дубора ба Душанбе парвоз кардааст, вале бидуни он мусофире, ки сабаби чунин саргардонӣ шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...