Сафири нави Қатар ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал-Абдуллоро қабул намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, баъд аз супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири навтаъйини Давлати Қатар баргузор гашт, ки дар он масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал-Абдуллоро қабул намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, баъд аз супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири навтаъйини Давлати Қатар баргузор гашт, ки дар он масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ муҳокима шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, оид ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки рисолати аввалин сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ охири моҳи июни соли ҷорӣ ба итмом расид. Ӯ моҳи сентябри соли 2013 ба ин вазифа таъин гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст