Дар хатсайри №25-и Душанбе автобусҳо ба ҳаракат медароянд

Имрӯз дар хатсайри №25-и нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе аз маҳаллаи “Зарафшон” то бозори “Меҳргон” автобусҳои нави тамғаи AKIA ба ҳараакат медароянд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, ҳафт автобуси нав ба ҳалли мушкилоти мусофиркашонӣ дар ин хатсайр мусоидат мекунанд. “Оғози равуои автобусҳо дар ин хатсайр маънои онро надорад, ки […]

Имрӯз дар хатсайри №25-и нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе аз маҳаллаи “Зарафшон” то бозори “Меҳргон” автобусҳои нави тамғаи AKIA ба ҳараакат медароянд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, ҳафт автобуси нав ба ҳалли мушкилоти мусофиркашонӣ дар ин хатсайр мусоидат мекунанд.

“Оғози равуои автобусҳо дар ин хатсайр маънои онро надорад, ки ҳаракати микроавтбусҳои “Мерседес” дар ин самт қатъ мешавад”, -қайд кард манбаъ.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, имрӯз дар роҳҳои пойтахт беш аз 2900 адад воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофирон хизматгузорӣ мекунанд, ки ҳудуди 80%-и онҳо хусусианд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёти хизматгузор ба кашонидани муософирон қарор доранд.

“Автобусҳои ISUZU ва AKIA ба тавозуни мақомоти шаҳрдорӣ гузашта, корхонаҳои коммуналии пойтахт сатҳи хизматгузорӣ ба мусофирони шаҳрро беҳтару хубтар хоҳанд кард”, – итминон доданд ба “Азия-Плюс” дар дастгоҳи раиси пойтахт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.