Бархӯрди автомашинаҳо дар роҳи Хоруғ – Душанбе ва ҳалокати 4 нафар

Бар асари садамаи нақлиёт, ки нимаи рӯзи 3 сентябр дар роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ рух дод, 4 нафар ҳалок ва 4 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер” Карим Маскинови 18-сола (сокини шаҳри Хоруғ) ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи […]

Бар асари садамаи нақлиёт, ки нимаи рӯзи 3 сентябр дар роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ рух дод, 4 нафар ҳалок ва 4 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер” Карим Маскинови 18-сола (сокини шаҳри Хоруғ) ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи “Нисан-Патрул” таҳти идораи Тоҳир Лутфуллоеви 48-сола (сокини шаҳри Хоруғ) бармехӯрад.

“Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер” Фазилат Раҳматхудоеваи 31-сола (сокини ноҳияи Роштқалъа), Мирсобит Обидови 65-сола (сокини шаҳри Истаравшан) ва мусофирони автомашинаи “Нисан-Патрул” Одил Маликшоеви 59-сола ва Сайф Саидманзарови 58-сола (ҳарду сокинони ноҳияи Шуғнон) аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, боз 4 мусофири дигари ин автомашинаҳо – Ситора Мирзошоеваи 31-сола, Раҳматшо Саидмуҳаммадови 33-сола, Рамзия Ёрмаҳмадоваи 21-сола ва Маҳбуба Ғуломасеноваи 7-сола бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, нимсолаи аввали соли равон дар роҳҳои ҷумҳурӣ беш аз 600 ҳдисаҳои садамаи нақлиёт рух дода, бар асари онҳо беш аз 170 нафар ҳалок ва 534 кас ҷароҳат бардоштаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.