Тавсияи Вазорати нақлиёт ба мошинҳои дар марзи Туркманистон дармонда

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба автомашинаҳои боркаши раҳсипор ба Тоҷикистон, ки дар сарҳади байни Эрону Туркманистон дармондаанд, истифодаи роҳҳои дигарро барои бозгашт ба ватан тавсия медиҳад. “Чанд рӯз аст, ки гузариши мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз ҳудуди  Туркманистон маҳдуд карда шудааст. Айни ҳол дар гузаргоҳҳои сарҳадии Эрону Туркманистон ва Ӯзбекистону Туркманистон нақлиёти боркаши тоҷик намегузарад”, – хабар […]

Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба автомашинаҳои боркаши раҳсипор ба Тоҷикистон, ки дар сарҳади байни Эрону Туркманистон дармондаанд, истифодаи роҳҳои дигарро барои бозгашт ба ватан тавсия медиҳад.

“Чанд рӯз аст, ки гузариши мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз ҳудуди  Туркманистон маҳдуд карда шудааст. Айни ҳол дар гузаргоҳҳои сарҳадии Эрону Туркманистон ва Ӯзбекистону Туркманистон нақлиёти боркаши тоҷик намегузарад”, – хабар дода мешавад дар маълумоти сомонаи Вазорати нақлиёти ҶТ.

Дар ин робита, қайд мешавад дар маълумот, аз ин хотир  то ҳалли ин қазия Вазорати нақлиёт ба интиқолдиҳандагони Тоҷикистон  тавсия медиҳад, ки аз дигар масирҳо, яъне тавассути ҳудуди Озарбойҷон, Қазоқистону Туркманистон истифода кунанд.

“Ин роҳ тӯлонитар назар ба роҳи Туркманистон – Ӯзбекистон – Тоҷикистон аст, вале айни ҳол ягона илоҷ ҳамин аст” – таъкид мешавад дар маълумоти Вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин бора аз ҷониби Вазорати нақлиёт ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат карда шуда, вале то ҳол аз ҷониби Туркманистон ҷавоби расмӣ наомадааст.

Тибқи баъзе маълумот, дар гузаргоҳи сарҳадии Лутфобод-Ортиқ, ки дар сарҳади Эрону Туркманистон воқеъ аст, айни замон беш аз 100 адад автомашинаҳои боркаши ба Тоҷикистон раҳсипор дармондаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.