Кураш. Тоҷикистонӣ Темур Раҳимов дар Тошканд 10 ҳазор доллар бурд кард

Гуштигири тоҷик дар навъи дзюдо Темур Раҳимов дар мусобиқаи кураш барои дарёфти ҷоизаҳои президенти Ӯзбекистон ба медали биринҷӣ соҳиб шуд. Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, зинаи аввал бо 50 ҳазор доллар мукофотпулӣ насиби намояндаи Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев шуд. Зинаи дуюмро ҳам бо 25 ҳазор доллар мукофотпулӣ врзишгари дигар ӯзбек Бекмурод Олтибоев ишғол намуд. […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Гуштигири тоҷик дар навъи дзюдо Темур Раҳимов дар мусобиқаи кураш барои дарёфти ҷоизаҳои президенти Ӯзбекистон ба медали биринҷӣ соҳиб шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, зинаи аввал бо 50 ҳазор доллар мукофотпулӣ насиби намояндаи Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев шуд. Зинаи дуюмро ҳам бо 25 ҳазор доллар мукофотпулӣ врзишгари дигар ӯзбек Бекмурод Олтибоев ишғол намуд.

Ба дорандагони медалҳои нуқраи мусобиқа – Аслан Камбиев аз Русия ва намояндаи Тоҷикистон Темур Раҳимов ба ҳар кадоме 10 ҳазор доллар мукофҷтпулӣ тақдим шуд. Варзишгароне, ки зинаҳои аз 5 то 8-умро касб карданд, 1250 долларӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Темур Раҳимов ғолиби мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё дар Ӯзбекистон (соли 2017) дар вазни 100 кило, дорандаи медали биринҷии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон оид ба дзюдо (соли 2017) дар Хорватия мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.