Коҳиши ҳиссаи муҳоҷирон дар бахши сохтмони Русия

Ҳиссаи кормандони хориҷӣ дар соҳаи сохтмони Русия бори нахуст маҳдуд карда мешавад. Соли 2019 он набояд аз 80% зиёдтар бошад, изҳор доштааст муовини сарвазири ин кишвар Татяна Голикова дар ҷаласаи Комиссияи сеҷониба оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии Русия, хабар медиҳад РБК. Ҳукумат ҳар сол ба қувваи кории хориҷӣ барои соли оянда меъёр муқаррар мекунад. Дар […]

Ҳиссаи кормандони хориҷӣ дар соҳаи сохтмони Русия бори нахуст маҳдуд карда мешавад. Соли 2019 он набояд аз 80% зиёдтар бошад, изҳор доштааст муовини сарвазири ин кишвар Татяна Голикова дар ҷаласаи Комиссияи сеҷониба оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии Русия, хабар медиҳад РБК.

Ҳукумат ҳар сол ба қувваи кории хориҷӣ барои соли оянда меъёр муқаррар мекунад. Дар лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи ҳиссаи иҷозашудаи муҳоҷирон дар иқтисод барои соли 2019 кам кардани қувваи кории хориҷӣ дар бахши сохтмон, ки бештар муҳоҷирон ба он ҷалб мешаванд, пешбинӣ шудааст.

Бино ба маълумоти мақомоти омори Русия, соли 2017 дар соҳаи сохтмони ин кишвар 6,3 млн. нафар машғули кор будаанд, ки ҳиссаи назаррасро муҳоҷирон ташкил медиҳанд.

“Дар ин соҳа ахиран шумори корхонаҳо бо ҳиссаи назарраси кормандони хориҷӣ зиёд мешавад, бинобар ин, аз ҷумла кам кардани ин ҳисса пешниҳод мегардад”, – таъкид доштааст Голикова.

Соли 2019 аз 28 то ба 26% поин бурдани ҳиссаи кормандони хориҷӣ дар соҳаҳое чун нақлиёти мусофиркаши обӣ ва нақлиёти боркаши автомобилӣ низ дар назар аст.

Қаблан муовини вазири меҳнат Андрей Пудов изҳор намуда буд, ки сиёсати муҳоҷирати Русия мавриди тасҳеҳ қарор мегирад, то ки баъди баланд бардоштани синнусоли ба нафақа баромадан муҳоҷирон ба корёбии русиягиҳо халал нарасонанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.