Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон сари мизи гуфтушунид менишинанд

Намояндагии дипломатии Покистон дар Тоҷикистон ният дорад, ки ояндаи наздик ҷиҳати роҳандозии робитаҳои корӣ байни тоҷирони ҳарду кишвар, дар Душанбе мизи гирд ташкил намояд. Котиби тиҷоратии сафорати Покистон дар Душанбе Рашид Имтиёз бо чунин пешниҳод ба раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) муроҷиат кардааст. Дипломати покистонӣ пешниҳод кардааст, ки нимаи дуюми моҳи сентябр […]

Намояндагии дипломатии Покистон дар Тоҷикистон ният дорад, ки ояндаи наздик ҷиҳати роҳандозии робитаҳои корӣ байни тоҷирони ҳарду кишвар, дар Душанбе мизи гирд ташкил намояд.

Котиби тиҷоратии сафорати Покистон дар Душанбе Рашид Имтиёз бо чунин пешниҳод ба раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) муроҷиат кардааст.

Дипломати покистонӣ пешниҳод кардааст, ки нимаи дуюми моҳи сентябр бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноати бофандагӣ ва коркарди пӯст дар Тоҷикистон мизи гирд баргузор шавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ПСС ҶТ.

“Чорабинӣ ба густариши робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон тариқи табодули маълумот дар бораи самтҳои фаъолияти корхонаҳо ва имконоти воридоту содирот баҳри афзоиши муомилоти мол байни кишварҳо, ҳамчунин минбаъд баргузор кардани намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти ин соҳаҳо мусоидат менамояд”, – қайд мешавад дар маълумоти Палата.

Ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Покистон дар соли гузашта наздики 42 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин қариб 25% камтар аст.

Имсол дар муомилоти мол байни кишварҳо афзоиши назаррас ба мушоҳида мерасад: давоми 7 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Покистон ба  беш аз 45 млн. доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар бештар аст.

Ҳиссаи назаррасро дар ҳаҷми муомилоти мол байни давлатҳо воридоти маҳсулот аз Покистон ба Тоҷикистон (наздики 40 млн. доллар) ташкил медиҳад. Ба содироти мол аз Тоҷикистон ба ин кишвар каме бештар аз 5 млн. доллар маблағ рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.