Эътимоди комили Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳри Душанбе

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 9 сентябр дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт баргузор гардид, иштирок кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар ин маросим, Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “боиси хушҳолист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 9 сентябр дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт баргузор гардид, иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар ин маросим, Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “боиси хушҳолист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон – шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд”.

Президент мутмаин аст, ки таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори хизматрасонӣ ҳоло боиси рушди босуръати пойтахти маҳбубамон гардида истодаанд.

“Бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кӯчаҳо ба шаҳри Душанбе ҳусни тоза бахшидааст”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат итминони комил изҳор намуд, ки сокинони шаҳри Душанбе минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро дар пойтахти азизамон вусъати бештар бахшида, шаҳри Душанберо ба макони воқеан биҳиштосо, шаҳри зебову пешрафта табдил медиҳанд ва собит месозанд, ки тоҷикон дар тӯли таърихи худ мардуми шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд.

“Ман ба азму иродаи ватандӯстона ва қудрати созандаи мардуми шарифи кишвар ва сокинони соҳибмаърифату сарбаланди пойтахт эътимоди комил дорам, – изҳор дошт Президенти Тоҷикистон. – Ва хуб медонам, ки онҳо ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.