Медали тиллои Дилшод Назаров дар мусобиқаи Ҷоми қораҳои IAAF

Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров дар Ҷоми қораҳои АБФВС (IAAF) медали тилло ба даст овард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ҷоми қораҳои Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) 8-9 сентябри соли равон дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор гардид. Гуфта мешавад, Дилшод Назаров дар риштаи гурзпартоӣ бо натиҷаи […]

Asia-Plus

Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров дар Ҷоми қораҳои АБФВС (IAAF) медали тилло ба даст овард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ҷоми қораҳои Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) 8-9 сентябри соли равон дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор гардид.

Гуфта мешавад, Дилшод Назаров дар риштаи гурзпартоӣ бо натиҷаи 77,34 ҷои аввалро ишғол кард. Ҷои дуюм бо натиҷаи 74,22 насиби намояндаи қораи Африқо Мустафо Ал Ҷамоли мисрӣ, ҷои сеюм бо натиҷаи 74,80 насиби намояндаи Аврупо Бонсе Ҳалази маҷористонӣ шуд.

Дар риштаи гурандозӣ 8 варзишгари 4 қора иштирок карданд. Қораи Осиёро, ҳамчунин, қаҳрамони Бозиҳои Осиё-2018 Ашраф Алсайфии қатарӣ намояндагӣ кард. Ӯ бо натиҷаи 74,08 ҷои панҷумро ишғол намуд.

Дар мусобиқа 329 варзишгар аз 78 кишвар, инчунин дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 200, 400, 800, 1500, 3000 метр, 3000 метр бо монеа, 110 метр бо монеа, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби гулӯла, партоби диск, гурзандозӣ, найзаандозӣ, эстафетаи 4х100 миёни мардону занон ва эстафетаи омехта 4х400 метр қувва озмуданд.

Дилшод Назаров андешаашро дар бобати ғолибияташ чунин баён дошт: “Ман ба Ҷоми қораҳо омодагии хуб дида будам. Ду сабаб боис гардид, ки ман ин ҷо пирӯз шавам. Пеш аз ҳама мехостам ба қораи Осиё ва Уқёнус кӯмак расонам то ҷои беҳтарро дар мусобиқа сазовор гардад. Дуюм, ман дар Бозиҳои Осиё-2018 натиҷаи бад нишон додам ва маро зарур буд, исбот кунам, ки беҳтаринам. Имрӯз ман дар ҳар партоб натиҷаи баландтарро нишон додам, ки техникаи маъмулии ман дар ҳамаи мусобиқаҳо мебошад. Бисёр шодам, ки имрӯз аз уҳдааш баромадам”.

Варзишгароне, ки то ҷои 8-умро ишғол карданд, соҳиби ҷоизаи пулӣ гардиданд. АБФВС барои ғолибон 30000 доллари ИМА, ҷои дуюм 15000, ҷои сеюм 10000, ҷои чорум, 7000, ҷои панҷум 5000, ҷои шашум 3000, ҷои ҳафтум 2000 ва ҷои ҳаштум 1000 доллари ИМА тақдим кард. Дар эстафета барои чор ҷои аввал ҷоиза муқаррар шуд: ҷои аввал – 30000, ҷои дуюм – 20000, ҷои сеюм – 10000, ҷои чорум – 8000 доллари ИМА.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бразил медали тилло ва дар Лаҳистон медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ӯ дар 18-ум Бозиҳои Осиё дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия сазовори медали нуқра шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.