Муовини сардори РКДАМ дар ВМКБ муовини аввали раиси вилоят таъин шуд

Ин таъинот баъди аз ҷониби Сарвари давлат мавриди интиқоди шадид қарор гирифтани кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят оид ба таъмини волияти қонун дар қаламрави ВМКБ сурат гирифт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят. Бино ба гуфтаи ӯ, тибқи мувофиқа бо президент Алишер Мирзонаботов, ки пеш ба ҳайси муовини сардори Раёсати КДАМ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ин таъинот баъди аз ҷониби Сарвари давлат мавриди интиқоди шадид қарор гирифтани кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят оид ба таъмини волияти қонун дар қаламрави ВМКБ сурат гирифт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят.

Бино ба гуфтаи ӯ, тибқи мувофиқа бо президент Алишер Мирзонаботов, ки пеш ба ҳайси муовини сардори Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ ифои вазифа мекард, муовини раиси ВМКБ таъин шуд.

Дар ҳамин ҳол, аз моҳи июни сол ҷорӣ вазифаи муовини аввали раиси ВМКБ холӣ буд. Нуралӣ Риоев, ки дар ин мансаб фаъолият дошт, моҳи июн вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Имрӯз “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” муовини дигар раиси ВМКБ Абдулназар Абдулназарзода низ аз мансаб барканор шуда, алҳол ба ҷойи ӯ касе таъин нашудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот дар вилоят мавриди иниқоди шадид қарор дод.

Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дод.

«Агар се-чор ҷинояткорро дар шаҳр ба тартиб оварда натавонеду дар таъмини тартиботи ҳаракати нақлиёт дар шаҳр душворӣ кашед, ман метавонам, ки аз Қувваҳои мусаллаҳ истифода кунам”, – гуфт президент дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ба раҳбарияти ВКД ва КДАМ дастур дод, ки то ба тартибу ифоқа овардани вазъ ва таъмини риояи қонун дар шаҳри Хоруғ ба Душанбе барнагарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио