Суд муҳлати ҳабси айбдор ба қатли духтари 5-солаи тоҷикро дароз кард

Суди шаҳри Серпуховои вилояти Маскав муҳлати ҳабси гумонбар ба қатли духтари тоҷик Ҳувайдоро боз ба муддати як моҳи дигар дароз кард. Тавре ба “Азия-Плюс” адвокати оилаи Ҳувайдо дар ин робита хабар дод, муҳлати ҳабси гумонбар Александ Сёмин то 22 октябр тамдид шудааст. “Дархости тамдиди муҳлати боздошт ба зарурати гирифтани хулосаи ташхиси судии равонии гумонбар асос […]

Asia-Plus

Суди шаҳри Серпуховои вилояти Маскав муҳлати ҳабси гумонбар ба қатли духтари тоҷик Ҳувайдоро боз ба муддати як моҳи дигар дароз кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” адвокати оилаи Ҳувайдо дар ин робита хабар дод, муҳлати ҳабси гумонбар Александ Сёмин то 22 октябр тамдид шудааст.

“Дархости тамдиди муҳлати боздошт ба зарурати гирифтани хулосаи ташхиси судии равонии гумонбар асос ёфтааст. Аз 22 август ӯ барои гузаронидани ташхиси тиббии рӯҳӣ дар бемористони ба номи Сербскии Маскав қарор дорад”, – хабар додааст адвокат Михаил Мушаилов.

Ба гуфтаи адвокат, ба ҷуз куштор, Александр Сёмин ба содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбати ноболиғ, ҳамчунин одамрабоӣ гумонбар дониста мешавад.

“Ба парвандаи ӯ моддаи 125 Кодекси ҷиноии Русия “Одамрабоӣ” илова шуд. Ғайр аз ин, ӯ дар даст доштан ҳади ақал ба панҷ ҳолати талоши дастдарозӣ нисбати кӯдакон низ гумонбар дониста мешавад. Ба фикрам, ӯро аз муҷозот дигар ҷойи гурез нест”, – иброз доштааст адвокат.

Қаблан дар суҳбат бо “Азия-Плюс”Михаил Мушаилов изҳор намуда буд, ки “дар айбҳои пешниҳодшуда ба ӯ дар маҷмӯъ ҳабси абад пешбинӣ шудааст”.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 23 июл дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ҷасади духтари 5-солаи як оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт шуд, ки чанде қабл бедарак шуда буд.

Дар Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав хабар дода буданд, ки ба гумони даст доштан дар куштор ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтарча сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Сёмин боздошт гардид. Гумонбаршуда дар ҳамсоягии оилаи кӯдак зиндагӣ дошта, аз хонаи ӯ пайҳои пойафзоли духтар ва изи ангуштони ӯ дарёфт шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.