Фирор аз суд ва даст ба худкушӣ задани гумонбаршуда

Марди 29-сола аз бинои суди ноҳияи Шоҳмансур фирор намуда, худро аз бинои сохтмонаш нотамом ба замин партофт. Прокураураи ноҳияи мазкур парванда аз рӯи далели маргро тафтиш мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ин мард ба гумони иштирок дар гурӯҳҳои ифротгароӣ боздошт шудааст. “Сокини шаҳри Ваҳдат Фарҳод Сафармамадов санаи 16 сентябр аз […]

Марди 29-сола аз бинои суди ноҳияи Шоҳмансур фирор намуда, худро аз бинои сохтмонаш нотамом ба замин партофт. Прокураураи ноҳияи мазкур парванда аз рӯи далели маргро тафтиш мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ин мард ба гумони иштирок дар гурӯҳҳои ифротгароӣ боздошт шудааст.

“Сокини шаҳри Ваҳдат Фарҳод Сафармамадов санаи 16 сентябр аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон ба гумони робита доштан бо гурӯҳҳои ифротгаро боздошт ва ба суди ноҳияи Шоҳмансур оварда шуд. Суд дар бораи ҳабси ӯ қарор қабул кард, аммо ҳангоми аз бинои суд баромадан, ба ӯ муяссар шуд, ки фирор кунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, кормандони милитсия аз паси ӯ ба таъқиб пардохта, лекин ба ӯ муяссар мешавад, ки ба бинои баландошёнаи паҳлӯи суд барояд ва худро аз тирезаи яке аз хонаҳо ба замин партояд, ки дар натиҷа ба ҳалокат мерасад.

Дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ин маълумотро тасдиқ намуда, лекин аз пешниҳоди ҷузъиёти он худдорӣ варзиданд.

“Парвандаи мазкур аз ҷониби кормандони мо мавриди тафтиш қарор дорад, лекин алҳол аз тафсилоти ҳодиса маълумот дода наметавонем”, – гуфтанд дар прокуратураи ноҳия.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.