Эмомалӣ Раҳмон ба иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ намеравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 73-юм иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки санаи 18 сентябр дар Ню-Йорк ба коршурӯъ намуд, иштирок намекунад. Ӯро вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин иваз мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Сарвари давлати Тоҷикистон рӯзо 27-28 сентябри соли равон ҳамтоёни худро аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 73-юм иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки санаи 18 сентябр дар Ню-Йорк ба коршурӯъ намуд, иштирок намекунад. Ӯро вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин иваз мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Сарвари давлати Тоҷикистон рӯзо 27-28 сентябри соли равон ҳамтоёни худро аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе ба ҳузур мепазирад ва бо ҳамин сабаб аз сафар ба Ню-Йорк даст кашид.

Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 сентябр зимни суханронӣ аз минбари СММ аз давлатҳои узви Созмон даъват ба амал овард, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ тадбирҳои қотеъонаи муштарак рӯйи кор гирифта шавад.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз кишварҳои рушдёфта ва сохторҳои байнулмилалӣ даъват карда буд, ки дар мавриди таъмини шароити мусоид ба муҳоҷирони корӣ ва мусоидат ба кишварҳои содиркунандаи қувваи корӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои корӣ дар кишварҳои худ иқдом варзида шавад.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин аллакай дар Ню-Йорк қарор дошта, дар қароргоҳи СММ бо Раиси Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ), вазири корҳои хориҷии Эквадор  хонум Мария Фернанда Эспиноза мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои СММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин роҷеъ ба мавзӯъҳои амнияти минтақавӣ ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба об ва беҳдошт табодули афкор намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.