Вазири мудофиаи Ӯзбекистон ба Хуҷанд ташриф меорад

Вазири мудофиаи Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов имрӯз ба шаҳри Хуҷанд ташриф меорад. Дар машқгоҳи ҳарбии “Чорухдайрон”-и вилояти Суғд нахустин дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ дар арафаи анҷомёбианд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, Абдусалом Азизов ҳамроҳ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо марҳилаи […]

Вазири мудофиаи Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов имрӯз ба шаҳри Хуҷанд ташриф меорад. Дар машқгоҳи ҳарбии “Чорухдайрон”-и вилояти Суғд нахустин дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ дар арафаи анҷомёбианд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, Абдусалом Азизов ҳамроҳ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо марҳилаи хотимавии тамринҳои зиддитеррористии артишҳои ҳарду кишварро мушоҳидаву назорат карда, иштирокчиёни фаъоли машқҳо аз ҳарду ҷонибро бо ифтихорномаву туҳфаҳо сарфароз мегардонанд.

Зимни сафар ба Хуҷанд вазири мудофиаи Ӯзбекистон бо вазири мудофиаи Тоҷикистон алоҳида гуфтушунид намуда, дар мулоқот баррасии масоили дурнамои рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар самтҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дар доираи баргузории тамринҳо ансамбли тарона ва рақс, оркестри ҳарбии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ консерт намоиш доданд. Ҳунармандони ҳарбии Ӯзбекистон хеле зиёд шеъру таронаҳоро бо забони тоҷикӣ ба иҷро расониданд, қайд мекунад дафтари матбуоти Вазорати мудофиа.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.