Душанбе маълумоти фавти зан назди сафорати Тоҷикистон дар Ашқободро рад кард

Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон маълумот дар робита ба гӯё даргузашти як зани туркманро назди сафоратхона дар навбати гирифтани раводид (виза) рад кард. Дар изҳорот қайд мешавад, ки маълумоти нашршуда дар чанде аз васоити ахбори умум дар бораи гӯё рӯзи 21 август назди сафоратхона фавтидани як зани туркман дар навбати гирифтани раводид асоси воқеӣ надошта, зан зиндаву […]

Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон маълумот дар робита ба гӯё даргузашти як зани туркманро назди сафоратхона дар навбати гирифтани раводид (виза) рад кард.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки маълумоти нашршуда дар чанде аз васоити ахбори умум дар бораи гӯё рӯзи 21 август назди сафоратхона фавтидани як зани туркман дар навбати гирифтани раводид асоси воқеӣ надошта, зан зиндаву солим аст.

“Тамоми ҷузъиёти ҳодисаи дар ВАО нашршударо дақиқан омӯхта, маълумот медиҳем, ки 17 август, на балки 21 август, тавре аз маълумоти ВАО бармеояд, шаҳрванди зикршуда писари худ Отамуродро ҳамроҳӣ мекард, ки ба шуъбаи консулгарии сафорат барои гирифтани раводиди таҳсил дар Тоҷикистон муроҷиат намуда буд. Назди бинои сафорат аҳволи зан ногаҳон бад шуда, мошини ёрии таъҷилии тиббӣ даъват шуд, ки ба зан кумаки тиббии зарурӣ расонида шуда, вазъи солимиаш комилан муътадил гардид. Писари ӯ Отамурод тасдиқ намуд, ки маълумоти нашршуда дар бораи даргузашти модараш бардурӯғ буда, таъкид дошт, ки айни замон ӯ солиму тандуруст дар вилояти Лубоб қарор дорад”, – қайд мешавад дар изҳороти сафорат.

Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон таъкид мекунад, ки сарфи назар аз шумори зиёди одамони муроҷиаткунанда барои гирифтани раводид ба Тоҷикистон ва мушкилоти техникии айни замон мавҷуда, ки ба расмиёти электронии таҳияи раводид марбут аст, шуъбаи консулгарӣ ҷиҳати додани он мутобиқи регламенти муқарраршуда ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Сафорат аз намояндагони ВАО даъват ба амал овардааст, ки аз нашри маълумоти носаҳеҳу носанҷида ва беэътимод худдорӣ кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.