Шикори тоҷикӣ: аз парронидани “Марко Поло” буҷет чӣ қадар пул мегирад?

Айни замон дар Тоҷикистон мавсими шикор ҷараён дорад: он аз 1 сентябр шурӯъ шуда, то баҳори соли оянда давом мекунад. Имсол ҳукуматдорон барои шикори ҳайвоноти нодир квота муқаррар карданд: барои шикори 123 сар ҳайвон ҳукуматдорон 7 млн. 273 ҳазор сомонӣ (771,3 ҳазор доллар) даромад ба даст оварданианд. Соли гузашта аз ҳисоби шикор ба буҷет 5 […]

Айни замон дар Тоҷикистон мавсими шикор ҷараён дорад: он аз 1 сентябр шурӯъ шуда, то баҳори соли оянда давом мекунад.

Имсол ҳукуматдорон барои шикори ҳайвоноти нодир квота муқаррар карданд: барои шикори 123 сар ҳайвон ҳукуматдорон 7 млн. 273 ҳазор сомонӣ (771,3 ҳазор доллар) даромад ба даст оварданианд. Соли гузашта аз ҳисоби шикор ба буҷет 5 млн. сомонӣ маблағ ворид гардида буд.

Дар рӯйхати имсола барои шикор – 95 сар архар (гӯсфанди Марко Поло), 12 сар бузи кӯҳии осиёимиёнагӣ ё морхур (бузи шохпеч), 6 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ва 10 хирси бӯр зикр шудааст.

Танҳо аз шикори гӯсфанди Марко Поло, ки нархи иҷозатномаи ҳар кадоме 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, буҷет 4 млн. 275 ҳазор сомонӣ ё худ ним миллион доллар даромад ба даст оварда метавонад.

Соли гузашта шумори гӯсфанди Марко Поло дар Тоҷикистон 23-25 ҳазор сар ва бузи шохпеч, ки дар Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон зиндагӣ мекунад, 1,5 ҳазор сарро ташкил медод. Ба ҷуз шикори расмӣ, боз касоне ҳастанд, ки ғайриқонунӣ ба шикори ҳайвоноти нодир машғул мешаванд.  

Гӯсфанди Марко Поло дарвоқеъ ҳам яке аз зеботарин ҳайвон ва беҳтарин сайд барои шикорчиён мебошад. Он дар баландиҳое умр ба сар мебарад, ки на ҳар шикорчӣ барои расидан ба он имкон дорад, лекин хоҳишмандони шикори чунин сайд кам намешавад. Соли гузашта Тоҷикистон аз ҳисоби чунин хоҳишмандон 3 млн. сомонӣ даромад гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.