Писари генерали занашро қатлкарда қисман ба гуноҳаш иқрор шуд

Date:

Бобоҷон Ширинов, ки моҳи июни соли равон ҳамсари 33-солаи худро бо бераҳмии махсус ба қатл расонид, дар мурофиаи судӣ қисман ба гуноҳаш иқрор шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Аҳлиддин Ятимов, падари марҳум Моҳира Ятимова хабар дод.

Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бобоҷон Ширинов мутобиқи моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) аввали ҳафтаи гузашта дар суди шаҳри Душанбе оғоз гардид.

“Дар ҷараёни тафтишот Ширинов пурра ба гуноҳаш иқрор шуда, лекин бо ишора ба аз хотир баровардани баъзе ҳолатҳо худро қисман гунаҳкор медонад, ҳарчанд ташхиси пеш аз суд ӯро пурра солим дониста буд” – иброз дошт Ятимов ва илова намуд, ки айни замон суд асосан шоҳидони фоҷеаро бозпурсӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи куштори Моҳира Ятимоваи 33-соларо ба итмом расонида, онро ба баррасии суди шаҳри Душанбе фиристод.

Дар содир намудани ҷиноят собиқ шавҳари марҳум Бобоҷон Ширинов айбдор дониста мешавад, ки нисбаташ мутобиқи моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...