Аввал пешниҳоди эъломия дар бораи амвол ва сипас мансаб дар сохторҳои давлатӣ

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” ҷонибдорӣ намуд. Мувофиқи тағйироти қабулшуда, акнун пеш аз қабул ба кор дар мақомоти давлатӣ, номзадҳо бояд дар бораи даромад, амволи манқул ва ғайриманқулашон эъломия пешниҳод намоянд. Директори Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов ба вакилони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” ҷонибдорӣ намуд.

Мувофиқи тағйироти қабулшуда, акнун пеш аз қабул ба кор дар мақомоти давлатӣ, номзадҳо бояд дар бораи даромад, амволи манқул ва ғайриманқулашон эъломия пешниҳод намоянд.

Директори Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов ба вакилони парлумон дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироту иловаҳои тасдиқшуда ба пешгирӣ ва коҳиши хавфу хатари ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ нигаронида шудааст.

Қаблан ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” низ ба ин монанд тағйироту иловаҳо ворид гардида буданд.

Уҳдадорӣ ба додани ҳисобот, лекин на ҳама бояд аз он воқиф бошанд

Тибқи қонуни чанд соли пеш қабулшуда, мансабдорони давлатии Тоҷикитсон охири моҳи марти ҳар сол бояд дар бораи даромад ва амволи худ эъломия пур кунанд.

Соли гузашта аъзои ҳукумат ва хешону пайвандони онҳоро низ ба ин амал уҳдадор карданд: ҳамасола онҳо бояд ба мақомоти андоз дар бораи даромади худ маълумот пешниҳод намоянд.

Аммо ин маълумот пӯшида аст: фаҳмидани чӣ миқдор дар як сол пул кор кардану чӣ гуна даромад гирифтан ва соҳиби чӣ хел амвол будани мансабдори давлатӣ дар Тоҷикистон барои шахси оддӣ имкон надорад.

Дар ҳамин ҳол, дар аксари кишварҳои саросари ҷаҳон ин расмиёт шаффоф буда, ба ҳар кадоме аз шаҳрванди андозсупоранда дастрас мебошад.

Тобеъони Озода Раҳмон ба дипломатҳо баробар шуданд

Имрӯз ҳамчунин лоиҳаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи хизмати дипломатӣ” аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфт.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои тасдиқшуда, минбаъд кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ки дар соҳаи муносибатҳои байнулмилалӣ ба кор машғуланд, ба дипломатҳои тоҷик баробар дониста мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Озода Раҳмон, духтари Сарвари давлат Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Тоҷикистонро аз моҳи январи соли 2016 ба роҳбарӣ гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.