Бекор шудани пардохти пули нақд боз дар як хатсайри пойтахт

Шурӯъ аз 3-октябри соли равон дар хатсайри автобуси №22-и шаҳри Душанбе (маҳаллаи Испечак – кӯчаи Гагарин) хизматрасонӣ пурра тариқи кортҳои наклиётӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад. Аз ин рӯ, мақомоти шаҳрдорӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки кортҳои нақлиётиро аз терминалҳои назди истгоҳҳо ва  мағозаҳои фурӯши рӯзномаю […]

Asia-Plus

Шурӯъ аз 3-октябри соли равон дар хатсайри автобуси №22-и шаҳри Душанбе (маҳаллаи Испечак – кӯчаи Гагарин) хизматрасонӣ пурра тариқи кортҳои наклиётӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад.

Аз ин рӯ, мақомоти шаҳрдорӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки кортҳои нақлиётиро аз терминалҳои назди истгоҳҳо ва  мағозаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас намоянд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан чунин тарзи пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ – тариқи кортҳои нақлиётӣ дар автобусҳои №3, 8а ва троллейбусҳои №1 ва 10 роҳандозӣ гардида буд.

Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» (Cityсard) аз ҷониби ширкати Avesto Group ва мақомоти шаҳрдории пойтахт бар асоси механизми шарикии давлатӣ-хусусӣ амалӣ мешавад. Татбиқи лоиҳа 1 марти соли 2018 оғоз гардид. Аз 1 апрели соли 2018 сокинон ва меҳмонони пойтахт кортҳои нақлиётиро харидорӣ ва пурра истифода мекунанд.

Айни замон мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2018, ба мусофироне, ки корти нақлиётиро барои 50 ва зиёда аз он равуо кардан харидаанд, барои равуо дар автобусу троллейбусҳо 15% тахфиф дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.