Дар даври нимфиналии Чемпионати футболи Осиё Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад

Ҳарифи дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври нимфиналии Чемпионати Осиё (U-16), ки айни замон дар Малайзия мегузарад, муайян шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии нимфиналии ин мусобиқа футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолони худ аз Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунанд, ки дар марҳилаи 1/8 финалӣ бо ҳисоби 1 бар 0 […]

Asia-Plus

Ҳарифи дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври нимфиналии Чемпионати Осиё (U-16), ки айни замон дар Малайзия мегузарад, муайян шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии нимфиналии ин мусобиқа футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолони худ аз Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунанд, ки дар марҳилаи 1/8 финалӣ бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи Ҳиндустон дастболо шуд.

Гуфта мешавад, бозии нимфиналии Чемпионати футболи Осиё (U-16) байни дастаҳои Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ санаи 4 октябр дар варзишгоҳи “Петалинг-Ҷая” доир мегардад. Оғози вохӯрӣ – соати 17:45 ба вақти Душанбе. Дар бозии дигари нимфиналӣ дастаҳои Ҷопон ва Австралия рақобат мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Австралия ҳуқуқ пайдо намуданд, ки қораи Осиёро дар Чемпионати ҷаҳон (U-17), ки соли оянда дар Перу баргузор мешавад, намояндагӣ кунанд.

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16 рӯзи 30 сентябр дар бозии даври 1/8 финалӣ бар дастаи Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (ҶХДК) аз рӯи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 4 бар 2 (вақти асосӣ – 1:1) ғолиб омада, ба даври нимфиналии Чемпионати Осиё-2018 ва Чемпионати ҷаҳон (U-17), ки соли оянда дар Перу баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Дастаро бо ин дастовард президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ табрику таҳният гуфта, зикр кардааст, ки “ниҳоят замоне фаро расид, ки аз нахустин натиҷаҳои кори чандинсолаамон баҳра мебардорем”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.