Рейдҳо дар Душанбе: чаро кормандони милитсия ба мактабҳо мераванд?

Аз 1 сентябр рӯзҳои панҷшанбеи ҳафта дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе кормандони милитсия рейдҳо гузаронида, давомнокии таҳсил, симои зоҳирӣ ва рафтори толибилмонро месанҷанд. Дар мактаби рақами 91-и ноҳияи Синои пойтахт аз рӯи натиҷаҳои санҷиш кормандони милитсия 5 нафар хонандаи ба дарсҳо дермонда, 4 хонандае, ки бе портфелу лавозимоти хониш ба дарс омада буданд, 6 […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Аз 1 сентябр рӯзҳои панҷшанбеи ҳафта дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе кормандони милитсия рейдҳо гузаронида, давомнокии таҳсил, симои зоҳирӣ ва рафтори толибилмонро месанҷанд.

Дар мактаби рақами 91-и ноҳияи Синои пойтахт аз рӯи натиҷаҳои санҷиш кормандони милитсия 5 нафар хонандаи ба дарсҳо дермонда, 4 хонандае, ки бе портфелу лавозимоти хониш ба дарс омада буданд, 6 нафар тамоман бе китобҳои дарсӣ ва 10 нафари бегалстук ба мактаб ҳозиршударо ошкор намуданд. Боз 20 нафар писарон бо мӯйҳои расида ба мактаб ҳозир шуда буданд.

Кормандони милитсия бо ин хонандагон суҳбат намуда, огоҳ карданд, ки дар сурати такрор шудани чунин ҳолатҳо волидонашонро ба суҳбат даъват мекунанд.

Бо хонандагони синфи 11 суҳбат гузаронида, хабар дода шуд, ки тӯли 8 моҳи соли равон дар пойтахт 221 ҳодисаи содир шудани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон-толибилмони мактаб ба қайд гирифта шудааст, ки 154 ҳодиса дуздӣ ва 22 далели авбошӣ мебошад.

Кормандони милитсия бо омӯзгорони мактаб низ суҳбат ороста, онҳоро ба ҳушёрӣ, назорати рафтори хонандагон ва хабар додан ба мақомоти милитсия дар бораи далелҳои рафтори ношоями толибилмон даъват карданд.

Мувофиқи фармони сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майор Шариф Назарзода, 556 нафар кормандони раёсати милитсияи пойтахт ба гурӯҳҳои иборат аз 3-5 нафарӣ тақсим шуда, масъули таъмини тартибот дар мактабҳо таъин шудаанд. 

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, 17 нафар кормандони раёсат барои саривақт пешгирӣ накардани қонуншиканӣ аз ҷониби хонандагони мактаб ҷазои интизомӣ гирифтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.