Беш аз 176 ҳазор сомонии раиси Душанбе барои ҳавасмандсозии омӯзгорону толибилмон

Date:

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки барои ҳавасмандсозии моддии ғолибон ва ҷоизадорони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо 176,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи қарори раиси пойтахт, ғолибони олимпиадаҳо бо 1,5 ҳазор сомонӣ, зинаи дуюмро ишғолкарда – бо 1 ҳазор сомонӣ ва зинаи сеюм – бо 500 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ба омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиби олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуривӣ мешаванд, 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” хабар доданд, 125 нафар хонандагон ва 30 нафар омӯзгорон мукофотпулӣ мегиранд, ки хонандагони ҷоизадор дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии доиргардида аз моҳи апрел то моҳи майи соли 2018 мебошанд.

Аз ин шумор 37 нафар – ғолиби олимпиадаҳо, 33 нафар – соҳиби ҷойҳои дуюм ва 55 нафар – дорандаи зинаи сеюманд. Аз шумори омӯзгорон 15 нафар муаллимони “Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” буда, 15 тан омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахтанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...