Беш аз 176 ҳазор сомонии раиси Душанбе барои ҳавасмандсозии омӯзгорону толибилмон

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки барои ҳавасмандсозии моддии ғолибон ва ҷоизадорони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо 176,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи қарори раиси пойтахт, ғолибони олимпиадаҳо бо 1,5 ҳазор сомонӣ, зинаи дуюмро ишғолкарда […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки барои ҳавасмандсозии моддии ғолибон ва ҷоизадорони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо 176,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи қарори раиси пойтахт, ғолибони олимпиадаҳо бо 1,5 ҳазор сомонӣ, зинаи дуюмро ишғолкарда – бо 1 ҳазор сомонӣ ва зинаи сеюм – бо 500 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ба омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиби олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуривӣ мешаванд, 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” хабар доданд, 125 нафар хонандагон ва 30 нафар омӯзгорон мукофотпулӣ мегиранд, ки хонандагони ҷоизадор дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии доиргардида аз моҳи апрел то моҳи майи соли 2018 мебошанд.

Аз ин шумор 37 нафар – ғолиби олимпиадаҳо, 33 нафар – соҳиби ҷойҳои дуюм ва 55 нафар – дорандаи зинаи сеюманд. Аз шумори омӯзгорон 15 нафар муаллимони “Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” буда, 15 тан омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахтанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.