Тадбирҳои Тоҷикистон оид ба маҳдуд кардани воридоти маснӯоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо

Тоҷикистон барои воридоти маснӯоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ба ҷумҳурӣ пардохти махсуси гумрукӣ ҷорӣ намуд. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дастур дода мешавад, ки меъёри пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти маснӯоти заргарӣ дар чунин ҳаҷм тасдиқ шавад: – барои воридоти як грамм маснӯоти заргарӣ аз тилло – 2 доллар; – барои воридоти як грамм маснӯоти заргарӣ […]

Asia-Plus

Тоҷикистон барои воридоти маснӯоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ба ҷумҳурӣ пардохти махсуси гумрукӣ ҷорӣ намуд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дастур дода мешавад, ки меъёри пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти маснӯоти заргарӣ дар чунин ҳаҷм тасдиқ шавад:

– барои воридоти як грамм маснӯоти заргарӣ аз тилло – 2 доллар;

– барои воридоти як грамм маснӯоти заргарӣ аз нуқра – 0,34 доллар.

Дар матни санад шарҳ дода мешавад, ки пардохти махсуси гумрукӣ бо пули миллӣ тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи аз ҷониби мақомоти гумрук қабул шудани эъломияи гумрукӣ ё додани маҳсулот сурат мегирад.

Меъёри пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти маснӯоти заргарӣ аз тилло ва нуқра аз 1 сентябрисоли равон ҷорӣ шуд.

Пардохти махсуси гумрукӣ

Мувофиқи меъёрҳои Кодекси гумруки Тоҷикистон, пардохти махсуси гумрукӣ яке аз навъҳои пардохти гумрукӣ мебошад, ки меъёри он аз ҷониби ҳукумат барои воридот ё содироти маҳсулоти муайян муқаррар мегардад.

Дар сурати муқаррар кардани пардохти махсуси гумрукӣ, дигар пардохтҳои гумрукӣ, ки мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон муайян шудаанд, ситонида намешаванд.

Дар қонуни Тоҷикистон “Дар бораи тарифи гумрукӣ” муайян карда мешавад, ки пардохтҳои махсуси гумрукӣ ба сифати тадбири ҳимоя ҷорӣ мешаванд, агар маҳсулот ба қаламрави кишвар бо шарт ва миқдоре оварда шуда бошад, ки ба ширкату корхонаҳои ватании истеҳсолкунандаи ин навъи маҳсулот ё маҳсулоти бевосита рақобатпазир зиён оварад ё чунин хатари зарар вуҷуд дошта бошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио