Болоравии нарху тарифҳо то сатҳи рекордии ҳамин сол

Дар бахши истеъмолии Тоҷикистон моҳи сентябр рекорди хаминсолаи сатҳи таваррум – 1,1% такрор шуд. Моҳи июли соли ҷорӣ низ ҳамин гуна болоравии нарху тарифҳо ба қайд гирифта шуда буд. Моҳи сентябр сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 1,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад. Қобили зикр аст, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар бахши истеъмолии Тоҷикистон моҳи сентябр рекорди хаминсолаи сатҳи таваррум – 1,1% такрор шуд. Моҳи июли соли ҷорӣ низ ҳамин гуна болоравии нарху тарифҳо ба қайд гирифта шуда буд.

Моҳи сентябр сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 1,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки нимсолаи аввали соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон ҳамагӣ 0,8%: моҳи январ – 0,4%, апрел – 0,5%,  май – 0,6%, июн – 0,5%-ро ташкил ода, моҳҳои феврал-март ҷараёни пойинравии нархҳо ба мушоҳида расид.

Тӯли се моҳи минбаъда нарху тарифҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ 3% боло рафта, ҳамин тариқ, сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ давоми 9 моҳи соли равон 3,8-ро ташкил дод.

Ба мизони таварруми имсола болоравии тарифҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ ва ҳамчунин афзоиши нарх ба маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ бештар таъсир расонид.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,7 фоизро ташкил дод. Соли равон ҳукумат нигоҳдории мизони таваррум дар сатҳи 7 фоизро ба нақша гирифтааст.

Давоми солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 – 5,1 фоиз сабт шудааст.

Кадом маҳсулоту хизматрасонӣ моҳҳои январ-август бештар қимат шуданд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

маска – 30,3%

меваҳо – 16,1%

биринҷ – 15,2%

Маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ:

Бензин – 16,9%

Дастгоҳҳои маишӣ – 8,6%

Лавозимоти истифодаи шахсӣ – 6,5%

Хизматрасониҳо:

Нақлиёти мусофиркаши ҳавоӣ – 2,5 баробар

Хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо – 11%

Таъмири воситаҳои нақлиёт – 9,3%

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.