Амният ва иқтисод: Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои СҲШ суҳбат кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯро ва сохторҳои доимамалкунандаи Созмонро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳамкории кишварҳои аъзо дар асоси боварию эътимод ва эътирофи манфиатҳо барои муносибатҳои дарозмуҳлат […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯро ва сохторҳои доимамалкунандаи Созмонро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳамкории кишварҳои аъзо дар асоси боварию эътимод ва эътирофи манфиатҳо барои муносибатҳои дарозмуҳлат ба роҳ монда шудааст.

“Омилҳои шиддатёбии таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ моро водор месозад, ки дар чаҳорчубаи Созмон таваҷҷуҳи махсусро ба муборизаи муштарак бар зидди се хатар – терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҳамчунин гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, паҳн кардани идеологияи динии радикалӣ, ҷинояткории кибернетикӣ ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, равона созем”, – гуфт ӯ.

Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон омили муҳиму калидии таҳким ва таъмини амнияти умум ва субот дар минтақаи Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.

Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои равобити иқтисодиро, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи Созмон мебошад, махсус таъкид кард

Пешниҳод гардид, ки ба рушди минтақавии долонҳо нақлиётиву  транзитӣ, ки мамлакатҳои моро мепайвандад, диққати махсус дода шавад. Дар ин замина, пешбурди лоиҳаҳои муштарак оид ба таҷдиди роҳҳои мошингузар ва роҳи оҳан, инчунин ташаккули хатҳои нави нақлиётӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар робита ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика воқеияти афзоиши мунтазами истеъмоли энергия бинобар  рушди иқтисодиёти минтақаи СҲШ, инчунин тамоюли афзоиши аҳолӣ дар фазои он, махсус қайд шуд.

Дар охири суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистон чун яке аз муассисони СҲШ минбаъд низ барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни давлатҳои аъзо ва баланд бардоштани нақши Созмон дар робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио