Эмомалӣ Раҳмон бар ин назар аст, ки низоми бонкии Тоҷикистон ба сармояи хориҷӣ ниёз дорад

Date:

Президенти Тоҷикистон аз норасоии воситаҳои озоди бонкҳо, баланд будани фоизи қарзҳо ва дастрасии нокифояи соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ нигаронӣ изҳор намуд. Ба Бонки миллӣ дастур дода шуд, ки барои ба низоми бонкӣ ворид шудани сармояи ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад.

Зимни суханронии имрӯза дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар Душанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки низоми бонкӣ талабот ба маблағҳои қарз аз ҷониби соҳибкоронро пурра қонеъ гардонида наметавонад.

“Норасоии воситаҳои озоди бонкҳо, баланд будани фоизи қарзҳо ва дастрасии нокифояи соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ тақозо менамояд, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд ва Бонки миллиро зарур аст, ки дар ин самт таҳқиқот гузаронида, барои ба низоми бонкӣ ворид шудани сармояи ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад”, – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Президент таъкид дошт, ки фаъолияти устувори низоми бонкӣ яке аз омилҳои асосии таъмин намудани суботи молиявӣ ва рушди иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.

“Дар ин робита ҷиҳати таҳкими механизмҳои назорати устувории молиявӣ соли ҷорӣ Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири манфии хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми молиявии кишвар мусоидат менамояд”, – гуфт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки тӯли панҷ соли охир аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии мамлакат ба маблағи 49 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки қариб 27 миллиард сомонӣ, яъне 55 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

ГАЛЛЕРЕЯ (30)






























Ҳамчунин қайд шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ ба қарзҳо қонунгузории мамлакат такмил ва аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул” таҳия гардида, дар назди Вазорати адлия феҳристи электронии бақайдгирии гарави амволи ғайриманқул таъсис дода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...