Футболбозони навраси Суғд ба Ҷоми водии Фарғона соҳиб шуданд

Дар мусобиқаи байнулмилалии футбол байни наврасон (U-12) барои дарёфти Ҷоми водии Фарғона дастаи наврасони Суғд ба пирӯзӣ ноил гардид. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқа чор даста – вилояти Суғд (Тоҷикистон), Академияи Ош, вилояти Ботканд (Қирғизистон) ва Нефтчӣ” (Ӯзбекистон) ширкат варзиданд. Гуфта мешавад, наврасони вилояти Суғд бар дастаи Академияи Ош бо […]

Asia-Plus

Дар мусобиқаи байнулмилалии футбол байни наврасон (U-12) барои дарёфти Ҷоми водии Фарғона дастаи наврасони Суғд ба пирӯзӣ ноил гардид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқа чор даста – вилояти Суғд (Тоҷикистон), Академияи Ош, вилояти Ботканд (Қирғизистон) ва Нефтчӣ” (Ӯзбекистон) ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, наврасони вилояти Суғд бар дастаи Академияи Ош бо ҳисоби 4 бар 0, вилояти Ботканд – 3 бар 1 ва “Нефтчӣ” – 1 бар 0 дастболо шуда, ба Ҷоми водии Фарғона соҳиб шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки бозигари дастаи вилояти Суғд Муҳаммадҷон Исломов нишонзани беҳтарини мусобиқа шуд. Беҳзод Ҳакимов – дарвозабони беҳтарин дониста шуда, Асрорҷон Шораҷабов ба ҷоизаи беҳтарин сармураббӣ сазовор дониста шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.