Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали даҳшатангези зӯроварона дар Коллеҷи политехникии шаҳри Керч ба Президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки хабари фоҷиабори ҳалокат ва захмӣ шудани одамон ба асари амали даҳшатангези зӯроварона дар Коллеҷи политехникии шаҳри Керчро мардуми Тоҷикистон бо андӯҳи гарон дарёфтанд.

“Тасаллияти амиқ ва ҳамдардиамонро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳор дошта, ба тамоми захмишудагон шифои ҳарчи зудтар таманно дорем”, – омадааст дар барқияи Президенти Точикистон.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи таркиши маводи мунфаҷира дар як Коллеҷи шаҳри Керч 19 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. таркиш рӯзи 17-уми октябр дар Омӯзишгоҳи политехникии ин шаҳри воқеъ дар Қрим рух дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сергей Аксенов, роҳбари Қрим хабар дод, донишҷӯе ки ин ҳамларо ташкил кард, аз қабл омодагӣ дидааст. Вай моҳи октябр иҷозаи доштани силоҳи шикориро пайдо кардааст. Силоҳе ки вай ҳамроҳ дошт, қонунӣ буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...