Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи “Хайят Реҷенси” нишасти хабарии муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ,  матбуот ва дипломатияи ҷамъиятӣ Эмилия Пума баргузор мешавад; – Дар Маскав Форуми байнипарлумонии “Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ” ба кор шурӯъ мекунад; – Дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон дар Ҳисор бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи “Хайят Реҷенси” нишасти хабарии муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ,  матбуот ва дипломатияи ҷамъиятӣ Эмилия Пума баргузор мешавад;

– Дар Маскав Форуми байнипарлумонии “Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ” ба кор шурӯъ мекунад;

– Дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон дар Ҳисор бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик консерт доир мегардад. Консерт дар ҳавои кушод назди Қалъаи Ҳисор баргузор мешавад. Оғоз соати 18:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4182 сомонӣ;

1 евро – 10.8046 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1439 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид

1945 — Оиннномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки санаи 26-уми июн ба имзо расида буд, мавриди амал қарор гирифт.

1914-1989 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳалим Тоҳиров.

1957 – Мавлуди бостоншинос Набиҷон Раҳимов.

1973 – Зодрӯзи раққоса Дилором Сатторова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +6+10, рӯзона +19+24.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4+1, рӯзона +13+18; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона +1+6.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +17+22.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +27+29.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +16+18.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.