Огоҳии расмӣ ба пешвоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ВМКБ

Нисбати пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Алватшоев санадҳои расмии огоҳӣ тартиб дода шуда, зери санад онҳо шахсан имзо гузоштанд. Дар ин бора дар гузориши ТВ “Бадахшон” хабар дода шуд. Қобили зикр аст, ки ба рӯйхати пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ ин дафъа ному насаби […]

Нисбати пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Алватшоев санадҳои расмии огоҳӣ тартиб дода шуда, зери санад онҳо шахсан имзо гузоштанд. Дар ин бора дар гузориши ТВ “Бадахшон” хабар дода шуд.

Қобили зикр аст, ки ба рӯйхати пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ ин дафъа ному насаби Зоир Раҷабов ва Амриддин Алватшоев низ илова шуд. Қаблан дар бораи онҳо чизе намегуфтанд.

«Аз онҳо талаб шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона, аз ҷумла ташкил ва раҳбарӣ кардан ба гурӯҳҳо ва иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ, даъват ва ҷалби ҷавонон ба бетартибиҳои оммавӣ ва тасарруфи иншоот ва биноҳои давлатӣ, нобуд кардани амвол, таҳқири намояндагони ҳукумат, машғул шудан ба авбошӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, ташкил кардани ҷамъомадҳо (сходка) хотима бахшанд”, – гуфта мешавад дар гузориши телевизионӣ.

Дар гузориши ТВ “Бадахшон” зикр гардид, ки ҳамчунин ба онҳо Кодексҳои ҶТ ва навъҳои ҷазо барои содир кардани амалҳои дар боло зикршуда шарҳу тавзеҳ дода шуд.

“Пешвоёни ғайрирасмии вилоят уҳдадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талаботи санад ва даст задан ба чунин амалҳо, назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт”, – қайд шуд дар гузориши ТВ “Бадахшон”.

Ҳамчунин зикр гардид, ки рӯзи 22 октябр ҳамаи пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ ба прокуратура даъват шуда, лекин қаблан яке аз онҳо – Толиб Айёмбеков қаблан изҳор намуд, ки ихтиёрӣ ба прокуратураи вилоят рафта, дархост намудааст, ки сабаби дар ҷаласаи ситоди байниидоравӣ оид ба ҷорӣ кардани тартибот дар қаламрави ВМКБ роҳбари гурӯи муташаккили ҷиноятӣ номбар кардани ӯро шарҳ диҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.