Мусовии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Малайзия

Бозии дуюми даври гурӯҳии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол дар Индонезия байни мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва дастаи Индонезия мусовӣ – бо ҳисоби 2 бар 2 анҷом ёфт. Тӯби аввалро футболбозони Малайзия ба нишон расонида, сипас то охири қисми якуми вохӯрӣ футболбозони тоҷик ду тӯбро вориди дарвозаи ҳариф намуда, ба пеш баромаданд, лекин дар […]

Бозии дуюми даври гурӯҳии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол дар Индонезия байни мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва дастаи Индонезия мусовӣ – бо ҳисоби 2 бар 2 анҷом ёфт.

Тӯби аввалро футболбозони Малайзия ба нишон расонида, сипас то охири қисми якуми вохӯрӣ футболбозони тоҷик ду тӯбро вориди дарвозаи ҳариф намуда, ба пеш баромаданд, лекин дар дақиақаи 55-уми бозӣ ба футболбозони Малайзия муяссар шуд, ки ҳисобро баробар кунанд.

Дақиқаҳои охири бозӣ бо ҳамлаҳои футболбозони тоҷик сурат гирифта, вале ҳисоб дигар тағйир наёфт. Ғайр аз ин, дар дақиқа 83-юми вохӯрӣ футболбози мунтахаби Тоҷикистон Зиёвиддин Фузайлов ҷароҳати вазнин гирифт.

Ҳамин тариқ бо касби 4 хол баъди ду бозӣ дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” зинаи дуюмро ишғол мекунад. Дастаи пешсаф дар ин гурӯҳ Арабистони Саудӣ мебошад, ки бо касби 6 имтиёз роҳхат ба даври минбаъдаро ба даст овард.

Дар вохӯрии даври сеюм, ки санаи 26 октябр доир мегардад, дастаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ ва Малайзия бо дастаи Чин бозӣ карда, маҳз аз натиҷаҳои ин вохӯриҳо маълум хоҳад шуд, ки кадом даста ба роҳхати дуюм ба даври плей-офф аз ин гурӯҳ соҳиб мешавад. Оғози бозиҳо соати 17:00 бо вақти Душанбе.

Аз рӯи низомнома аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ¼- ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври минбаъда баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон футболбозони мамлакат бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” (Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Урдун) вориди рақобат мешаванд.

Қобили зикр аст, ки 4 дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2018 ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-20), ки дар Полша доир мегардад, иштирок мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.