Иқтисодчии БҶ: Табдили Тоҷикистон ба кишвари индустриалӣ мушкил, вале имконпазир аст

Коршиноси байнулмилалӣ бар ин назар аст, ки изҳороти ҳукуматдорон дар бораи табдили Тоҷикистон ба кишвари рушдёфтаи индустриалӣ-аграрӣ то соли 2030 мушкил, вале имконпазир аст. “Ин ҳадафи хеле наҷибу олӣ аст, ки ба гумони ғолиб, ноил гардидан ба он душвор мебошад. Албатта, он амалишаванда буда, лекин барои он мебояд хеле зиёд кӯшиш ба харҷ дод”, – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Коршиноси байнулмилалӣ бар ин назар аст, ки изҳороти ҳукуматдорон дар бораи табдили Тоҷикистон ба кишвари рушдёфтаи индустриалӣ-аграрӣ то соли 2030 мушкил, вале имконпазир аст.

“Ин ҳадафи хеле наҷибу олӣ аст, ки ба гумони ғолиб, ноил гардидан ба он душвор мебошад. Албатта, он амалишаванда буда, лекин барои он мебояд хеле зиёд кӯшиш ба харҷ дод”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” иқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) Уилям Сайтс.

Ӯ зарурати баргузор намудани ислоҳотро ҷиҳати куллан дигаргун кардани муҳити корӣ дар ҷумҳурӣ зикр кард.

Сайтс таъкид дошт, ки дар гузориши охири Бонки ҷаҳонӣ Doing Business Тоҷикистон дар қисмати поёнии рейтинг – зинаи 123-юм қарор дорад.

“Ин гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон аз дигар кишварҳо хеле қафо мондааст. Ноил гардидан ба ҳадафҳои иқтисодии дар Стратегия миллӣ зикршуда мустақиман ба кори пурсамари кофӣ дар ин самт вобаста аст”, – иброз дошт ӯ.

Иқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ мушкилии бақайдгирии тиҷорат ва гирифтани иҷозатномаҳои махсусро аз ҷумлаи монеъаҳо ба рушди соҳибкорӣ номбар кард, ки барои ин ба ақидаи ӯ, вақти хеле зиёд сарф мешавад.

Қобили зикр аст, ки хукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар давраи то соли 2030 кишварро ба давлати мутараққии индустриалӣ-аграрӣ табдил диҳад.

Ҳукуматдорон қайд мекунанд, ки барои табдили Тоҷикистон ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ расонидани ҳиссаи саноат ва энергетика дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 50% зарур аст.

Дар ин робита тақвияти иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва ба ин васила кам кардани вобастагии иқтисоди кишвар аз бахши кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии воситаҳои пешбинишуда аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои амалисозии Стратегия 118 млрд. 133 млн. долларро ташкил медиҳад.

Ба сифати сарчашмаҳо барои амалисозии Стратегия воситаҳои буҷети давлатии кишвар дар ҳаҷми 56,1 млрд. доллар ва сармоягузориҳои хусусӣ ба маблағи наздики 55 млрд. доллар дар назар дошта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.