Русия ба сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон 6 млрд. рубл харҷ мекунад

Тӯли чанд соли наздик Русия ба сохтмони мактабҳои таълимашон забони русӣ дар Тоҷикистон 6 млрд. рубл маблағ ҷудо мекунад. Мактабҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд. Дар ин бора зимни кори мизи гирд таҳти унвони “Вазъ ва дурнамои ҳамкории иҷтимоӣ ва гуманитарии Русия ва Тоҷикистон: илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ” муовини […]

Таҳмина Охонвалиева, Asia-Plus

Тӯли чанд соли наздик Русия ба сохтмони мактабҳои таълимашон забони русӣ дар Тоҷикистон 6 млрд. рубл маблағ ҷудо мекунад. Мактабҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд.

Дар ин бора зимни кори мизи гирд таҳти унвони “Вазъ ва дурнамои ҳамкории иҷтимоӣ ва гуманитарии Русия ва Тоҷикистон: илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ” муовини аввали раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова хабар дод.

Мизи гирд дар ҳошияи Форуми VI байнипарлумонии “Русия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории минтақавӣ” дар шаҳри Маскав доир гардид.

Ҳайати парлумонии Тоҷикистонро раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайат ба ҷуз вакилони парлумони ҷумҳурӣ, ҳамчунин намояндагони Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ректорони мактабҳои олии кишвар шомиланд.

Бино ба гуфтаи Лилия Гумерова, ба сохтмони ҳар кадоме аз мактабҳо ҷудо кардани ҳудуди 1 млрд. 200 млн. рубл маблағ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳар кадоме аз 5 мактабҳо таҳсили 1200 нафар хонандагон ба нақша гирифта шуда, мактабҳо бо мақсади пешбурди омӯзиши забон ва фарҳанги Русия сохта мешаванд.

“Ин мактабҳо боргоҳи дониш, дӯстӣ ва ҳамкории гуманитарӣ хоҳанд шуд”, – изҳор намудааст Гумерова.

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар навбати худ пешниҳод намуд, ки дар Русия низ мактабҳои тоҷикӣ боз шаванд.

“Барои оғоз аввал якто дар шаҳри Маскав. Шаҳрвандони Русия ҳам ҳастанд, ки хоҳиши омӯзиши забони тоҷикиро доранд”, – гуфт ӯ.

Ба ин гуфтаи олими тоҷик Лилия Гумерова пешниҳод намуд, ки дар марҳилаи аввал дар мактабҳои амалкунанда мебояд синфҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ташкил кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.