Дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2018”

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар ҳайати 7 нафар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи “Grand Slam” ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, “Abu Dhabi Grand Slam 2018” 27-29 октябр баргузор мешавад. Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар мусобиқа 372 варзишгар […]

Маркази матбуоти КМО ҶТ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар ҳайати 7 нафар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи “Grand Slam” ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, “Abu Dhabi Grand Slam 2018” 27-29 октябр баргузор мешавад. Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар мусобиқа 372 варзишгар (230 мард, 142 зан) аз 64 кишвари дунё иштирок менамоянд.

Гуфта мешавад, ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз 6 варзишгар бо роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби кишвар оид ба дзюдо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ мекунанд: Мирзоҷамил Рамазонов (-73кг); Раҳматуллобек Фарҳодов (-73кг); Ҷаҳонгир Маҷидов (-81кг); Комроншоҳ Устопириён (-90кг); Саидҷалол Саидов (-100кг) ва Хуршед Маҷидов (+100кг).

Дар асоси низомномаи мусобиқа варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор, барои медали нуқра 3 ҳазор ва барои медалҳои биринҷӣ 1 ҳазору 500-долларӣ ҷоиза мегиранд. Ҳамчунин, варзишгарон соҳиби холҳои олимпӣ мегарданд.

Тақвими мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо “Abu Dhabi Grand Slam 2018”:

27.10. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон; -60кг, -66кг миёни мардон

28.10. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63кг, -70кг миёни бонувон; -73кг, -81кг миёни мардон

29.10. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон; -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.