Барномаи “Драйв”-и ҳунармандони Сирки Русия дар Душанбе

Рӯзи 27 октябри соли равон ҳунармандони Сирки Россия бо шоу-барномаи рангини «Драйв» ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба масъули барномаи ҳунарии Сирки Россия Виталий Ковалёв хабар медиҳад, барномаҳои онҳо 28 октябр дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон оғоз мегарданд. Ба таъкиди мавсуф, мухлисони ин навъи санъатро барномаҳои ҷолибу диданӣ интизоранд. «Ҳунарпешагони Россия […]

АМИТ «Ховар»

Рӯзи 27 октябри соли равон ҳунармандони Сирки Россия бо шоу-барномаи рангини «Драйв» ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба масъули барномаи ҳунарии Сирки Россия Виталий Ковалёв хабар медиҳад, барномаҳои онҳо 28 октябр дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон оғоз мегарданд. Ба таъкиди мавсуф, мухлисони ин навъи санъатро барномаҳои ҷолибу диданӣ интизоранд.

«Ҳунарпешагони Россия барои мухлисони ин намуди санъат барномаҳои ҷолибу рангин омода намудаанд, ки ба он бозиҳои миллии испанӣ, бозӣ бо чархофалакҳо ва дигар барномаҳои диданӣ ворид гардидаанд»,-иброз дошт Виталий Ковалёв.

Бино ба иттилои манбаъ, дар барномаи мазкур ҳамчунин бозӣ бо аспҳои шотландӣ ва ҳунарнамоии  гимнастҳои ҳавоӣ,  дорбозҳо, чашмбандон, масхарабозон ва кордбозҳо дохил мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин барнома ороиши саҳна ва мусиқӣ бо усули хосса интихоб шуда, табъи ҳозиринро болида мегардонад. Намоишҳои аввалин 28 октябр соатҳои 12.00 ва 16.00 баргузор мешаванд. Арзиши чипта аз 30 то 80 сомониро ташкил дода, даромад барои кӯдакони то 3-сола бо шаҳодатномаи таваллуд ройгон аст.

Зикр мегардад, ки солҳои охир ҳамкории Сирки давлатии Тоҷикистон бо ҳунармандони сиркҳои кишварҳои хориҷӣ боз ҳам мустаҳкамтар гардида, пешниҳоди омаду рафт ва таҳияи барномаҳои ҷолиб миёни ҳам беҳтар мешавад. Аз ҷумла, намоиши барномаҳои сиркбозони тоҷик хеле ҷолиб гардида, сафарҳои кории онҳо ба хориҷи дуру наздик афзудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.