Беш аз 1 млрд. сомонӣ қарзи “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1

Тӯли нуҳ моҳи соли ҷорӣ қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” назди ҶСК “НБО Сангтӯда-1” қариб 265 млн. сомонӣ (ҳудуди 30 млн. доллар) зиёд шуд. Ба санаи 30 сентябри ҳамин сол ҳаҷми қарзи ширкати “Барқи тоҷик” ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ҳамагӣ ба 1 млрд. 29 млн. сомонӣ (110 млн. доллар) баробар аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҶСК “НБО […]

Тӯли нуҳ моҳи соли ҷорӣ қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” назди ҶСК “НБО Сангтӯда-1” қариб 265 млн. сомонӣ (ҳудуди 30 млн. доллар) зиёд шуд.

Ба санаи 30 сентябри ҳамин сол ҳаҷми қарзи ширкати “Барқи тоҷик” ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ҳамагӣ ба 1 млрд. 29 млн. сомонӣ (110 млн. доллар) баробар аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҶСК “НБО Сангтӯда-1”.

“Арзиши умумии барқи ба ширкати “Барқи тоҷик” интиқолёфта аз моҳи январ то моҳи сентябри соли равон бо назардоштии ААИ, 479,3 млн. сомониро ташкил дод. Сатҳи пардохт дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз 51% зиёдтар нест, ки ба афзоиши минбаъдаи қарз назди нерӯгоҳ боис мегардад”, – қайд мешавад дар иттилоияи расмии нерӯгоҳ.

Гуфта мешавад, истеҳсоли нерӯи барқ мувофиқи ҷадвали интиқоли баимзорасида байни ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ва ШСХК “Барқи тоҷик” сурат мегирад.

Дар ҷадвали соли 2018 интиқоли на камтар аз 1 млрд. 915 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон интиқоли 1 млрд. 353 кВт/соат нерӯи барқ пешбинӣ гардида, дар ин давра воқеъан 1 млрд. 856 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки 503 млн. кВт/соат аз нақша зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39% бештар мебошад.

Мувофиқи шартномаи хариду фурӯш миёни тарафҳо, ҳаҷми солонаи интиқоли нерӯи барқ бояд 2 млрд. 700 млн. кВт/соатро ташкил диҳад.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳиссаи ширктҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаваттро ташкил медиҳад. Аммо иқтидории воқеии нерӯгоҳ айни замон ба 160 МВт баробар аст. Дар робита ба мавҷуд набудани бозори фурӯш, айни замон шабонарӯзӣ дар нерӯгоҳ ҳамагӣ каме бештар аз 5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.